Info

Requested course is not available in this language at this country server

Type: online

Period: continuously accessible

Price: free

Access from the current date for 60 days.

Education is accessible for financial organizations in the region.

Оё шумо дар кумитаҳои қарзӣ оид ба қарзҳо барои корхонаҳои микро, хурд ва миёна (КМХМ) иштирок мекунед?

Шумо қабули қарорҳоро оид ба қарзҳо барои КМХМ дар вақти наздик оғоз мекунед?

Шумо қарорҳоро барои сегментҳои гуногуни соҳибкории хурд қабул мекунед?

Курси мазкур барои истифодаи рӯйкарди саводнок ба ин вазифаҳо кӯмак мерасонад.

Курси “Қабули карорҳо оид ба қарзҳо” барои кормандони муассисаҳои молиявӣ, ки қарорҳоро доир ба қарзҳо барои корхонаҳои микро, хурд ва миёна (КМХМ) қабул мекунанд, таҳия карда шудааст. Инчунин ин курс ба дигар иштирокчиёни ҷараёни қарздиҳӣ муфид хоҳад буд.

Дар доираи курс ба таври низомнок ҳамаи донишҳо оид ба қарзҳо барои КМХМ марҳала ба марҳала пешниҳод карда мешаванд, ки барои кори самараноки аъзои кумитаи қарзӣ зарур мебошанд.

 Бо гузаштани курс шумо нуқтаҳои зеринро хоҳед донист ва дарк кард:

  • мундариҷаи ҷараёни қабули қарорҳо барои сегментҳои гуногуни КМХМ ва хусусиятҳои он;
  • нуқтаҳои асосӣ, ки ба онҳо дар марҳалаи аввалаи кор доир ба дархости қарзӣ таваҷҷӯҳ додан лозим аст;
  • барои чӣ ва кай омилҳои бозист истифода карда мешаванд;
  • баҳо додани сифати азнавсанҷиши гузаронидашудаи маълумот дар бораи мизоҷ;
  • аҳамияти санҷиши чӣ маълумоти молиявӣ ва чӣ ғайримолиявӣ дар бораи мизоҷ;
  • чӣ тавр хулосаҳои қарзӣ ва ҳуҷҷатҳои авваларо бо мақсади муайян кардани хавфҳои қарзӣ таҳлил кардан мумкин аст;
  • чӣ тавр хавфҳои қарзии мизоҷро баҳо додан мумкин аст;
  • чӣ тавр қарорҳоро оид ба қарзҳо қабул бояд кард;
  • чӣ тавр додугирифти қарзиро сохторбандӣ кардан мумкин аст.

 Курс аз 6 дарс иборат аст. Дар анҷоми курс ба шумо пешниҳод карда мешавад, ки аз санҷиши ниҳоӣ гузаред ва аз рӯи натиҷаҳои санҷиш шаҳодатномаи электронӣ оид ба хатми курс тартиб дода мешавад.

 Давомнокии миёнаи омӯзиши курс 3-4 ҳафтаро ташкил медиҳад. Дарсҳо ба ҳисоби миёна барои 45 дақиқаи кор пешбинӣ карда шудаанд. Омӯзиши як, дар ҳадди аксар ду дарс дар як ҳафта тавсия дода мешавад.