Формат обучения: online

Даты мероприятия: доступен постоянно

Стоимость: бесплатно

Доступ с текущей даты на 60 дней.

Обучение доступно для финансовых организаций стран региона.

Усулҳои самарнок барои ҷалб ва хизматрасонии сегментҳои гуногун ба таври назаррас чӣ дар сатҳи ташкил ва банақшагирии чорабиниҳо оид ба ҷалби мизоҷон ва чӣ дар сатҳи омодакунии мутахассиси мушаххас ба ҷараёни ҷалб ва муошират бо мизоҷон фарқ мекунанд.

Ҷалб ва нигоҳдорӣ барои мизоҷони бештар калон – ин ҷой барои ҳамкорӣ аст, ки дар он ҷонибҳо муносибатҳои шарикиро ташаккул медиҳанд, вақте ки ба муассисаи молиявӣ зарур аст, то ин ки мизоҷро боварӣ кунонад, ки он барои ӯ шарики муносиб аст. Яъне мизоҷ ба муассисаи шумо умед карда метавонад ва шумо ба мизоҷ маҷмӯи хизматрасониҳоеро пешниҳод карда метавонед, ки ӯ ба онҳо ниёз дорад ё онҳо ба ӯ дар оянда даркор шуда метавонанд.

Аз корманде, ик дар ҷалби чунин мизоҷон иштирок мекунад, тахассуси баланд талаб карда мешавад, зеро маҳз ӯ ба мизоҷон дар ҷустуҷӯи роҳи ҳалли беҳтарин барои қонеъсозии эҳтиёҷоти онҳо машварат медиҳад ва ҷалби мизоҷ ба хизматрасонии дарозмуддат натиҷаи табиии ҳамкории ба таври аниқ ба нақш гирифташуда ва ташаккули муносибатҳои мутақобила дар ҷараёни машваратдиҳӣ мебошад.

Барномаи мазкур пеш аз ҳама ба кормандоне пешбинӣ карда шудааст, ки ба сегменти бештар калони мизоҷон хизматрасонӣ кардан мехоҳанд, онҳое ки фаҳмидан мехоҳанд, ки хусусиятҳои фарқкунандаи ҷалби мизоҷон аз соҳибкории микро, хурд ва миёна дар чист.

Таваҷҷӯҳи асосӣ дар ин барномаи таълимӣ ба муайянкунӣ ва ҷалби мизоҷони муносиб барои муассисаҳо молиявӣ, ташаккули муносибатҳои дарозмуддат бо мизоҷон, чӣ тавр ба мизоҷон аз қабили соҳибкории хурд ва миёна расидан (фаро гирифтан) мумкин аст ва инчунин ба фарқияти усулҳои фурӯшҳои оммавӣ, ки нисбат ба мизоҷони чакана, микро ва хурд истифода карда мешаванд, аз усулҳо барои мизоҷони бештар калон равона карда мешавад.

Давомнокии миёнаи омӯзиши курс 2 ҳафтаро ташкил медиҳад. Дарсҳо ба ҳисоби миёна барои 45 дақиқаи кор пешбинӣ карда шудаанд. Омӯзиши як, аз ҳама зиёд ду дарс дар як ҳафта тавсия дода мешавад.